- тараф
- [طرف]а1. ҷониб, самт, сӯй; тарафи рост, тарафи чап, аз ҳар тараф2. бар, канор3. он ки дар масъалае ё коре дар ҷониби дигар (дар муқобил) истодааст; ҳариф (дар бозӣ, мусобиқа); тарафи сӯҳбат мусоҳиб, ҳамгап: тарафи шом ҳангоми шом, наздикии шом: тарафҳои манфиатдор; дар тарафҳои шумо… дар мамлакати шумо, дар диёри шумо; бисту шаш сол ин тараф бисту шаш сол боз…, ин тараф он тараф ҳама ҷонибҳо, атроф; он тарафаш ҷиҳатҳои дигараш; қисми дигараш, боқимондааш; он тараф истад… қатъи назар, аз он…, як тараф монед; ин тараф шудан аз бозе, ки… шудааст; ба тарафи худ кашидан ба сӯи худ ҷалб намудан; тарафи касеро гирифтан дар коре аз касе ҷонибдорӣ намудан, ҳикоят кардан (касеро)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.